- об
- I[آب]1. моеи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст; оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби гарм муқоб. оби сард; оби равон оби ҷорӣ: муқоб. оби истода; оби хом оби ноҷӯш, обе, ки онро наҷӯшондаанд; оби ширгарм оби нимгарм; оби ширин оби софи нӯшокӣ; оби шифо оби шифобахш, оби табобатӣ; оби ях яхи обшуда, оби хеле сард; оби ҷӯш обе, ки дар ҳоли наздик ба ҷӯшидан аст; оби ҷӯшонда, обе, ки ҷӯшонда шудааст; оби ғӯра усорае, ки аз ғӯраи ангур тайёр мекунанд; ба об мондан (чорпоро) ба обхӯрӣ сар додани чорпо, об додан, об хӯрондан; об андохтан (ба зарфе) об пур кардан, об рехтан (аз зарфе ба зарфе); об додан а) об нӯшондан; б) обёрӣ кардан; об задан об пошидан, об афшондан (ба замин), обпошӣ кардан; об зер кардан ҷоеро туғён карда замин ё киштеро пахш кардани оби дарё; об кардан а) ба моеъ гардондан, ба об табдил кардан, гудохтан (филизотро); б) чизеро махфиёна фурӯхта пулашро ба киса задан; в) касеро мафтун кардан; об кашидан а) об баровардан аз чоҳ; б) обро ҷаббида ба худ гирифтани чизе; об кашондан аз ҷое ба ҷое бурдани об бо чалак, машк ва ғ. ; об пошидан ниг. об задан; об рехтан (ба дасти касе) барои дастшӯии касе аз офтоба ё зарфи дигаре об равон кардан; обро буридан а) ҷараёни обро қатъ кардан, пеши обро гирифтан; б) ба бар ва ба муқобили ҷараёни об шино карда гузаштан; об сар додан ба ҷое об кушодан, об ҷорӣ сохтан ба ҷое, обёрӣ кардан заминеро; об хӯрдан а) об нӯшидан (одам); б) сероб шудан (замин); аз давлати шолӣ кирмак ҳам об мехӯрад (зарб.)2. дарё, рӯд; оби шӯх дарёе, ки бо шӯру ғалаён равон аст3. сиришк, ашк; оби чашм, оби дида; оби чашм кардан (рехтан) гиристан, ба гиря омадан; об чарх задан (дар чашм) ашк пайдо шудан дар чашм, ҳолати гиря рӯй додан4. нутфа, манӣ, оби пушт5. кит. бавл, шоша, пешоб6. мустароҳ, мабраз, обхона7. маҷ. тароват, тозагӣ; равнақ8. обрӯ, эътибор, ҷоҳу манзалат9. тоб, тавон10. симоб, ҷева, зайбақ11. шарму ҳаё: оби ангур шираи ангур, шароб; оби бинӣ луобе, ки аз димоғи кас мебарояд; оби дандон як нав ширавор, чақ-чақи дандон: оби дарё обе, ки дар дарё ҷорист, обе, ки аз дарё гирифта шудааст; оби даҳон моеи луобдоре, ки аз ғуддаҳои даҳон мебарояд; оби зери коҳ киноя аз касе ки худро дар зоҳир сода, некӯкор нишон медиҳаду дар ботин фитнаангез ва маккор аст; оби зиндагӣ а) мувофиқи ривоёт чашмае, ки нӯшандаи оби он гӯё зиндагии абадӣ меёфтааст; б) оби дарёе, ки ба заминҳо таровату ободӣ мебахшад; оби набот а) қиёме, ки баъд аз шӯша бастани набот дар деги наботпазӣ таҳнишин мешавад; б) навъе аз ҳалво, ки аз орду шакар мепазанд; оби никоҳ д. обе, ки вақти хондани хутбаи никоҳ дар зарфе пеши мулло мегузоранд ва баъд онро ҷавонон бо нияти нек меошоманд; оби явғон хӯроки обакии бегӯшт; оби Хизр кит., ниг. оби зиндагӣ; оби ҳаёт // оби ҳайвон ниг. оби зиндагӣ; оби ҷав пиво; обу оташ ду чизи сахт ба ҳамдигар зид, ду чизи оштинопазир; обу ранг зебоӣ, ҳусн, латофат; обу ранги сухан бадеият дар сухан, ҷозиба ва асари сухан; обу таом хӯрок, хӯрданӣ; обу тоб ҷило, сафо, дурахшонӣ, тароват; обу тоб ёфтан нашъу намо кардан, пухта шудан, обдида шудан (мас., пӯлод); обу ҳаво маҷмӯи ҳодисаҳои атмосферӣ (хунукӣ, гармӣ, фишори ҳаво ва ғ.); шароити иқлими ҷое; об аз сар гузашт аз ҳадди чораю тадбир гузаштани кор; об, ки аз сар гузашт, чи як ваҷаб, чи сад ваҷаб (зарб.); об аз сар лой будан а) гилолуд ва тира будани об аз саргаҳи он; б) киноя аз ноқису нодуруст будани коре аз ибтидо ва оғози он◊ обашон ба як ҷӯй намеравад бо ҳамдигар созиш надоштани ду чиз ё ду кас, бо ҳам созгорӣ надоштани ду чиз ё ду кас◊ об ба лаби ҷӯй баробар шудан ба ҳоли пештарааш даромадани коре; об баровардан (ба ҷое) ҷорӣ сохтани об ба ҷои собиқан беоб; об аз ҷигар бахшидан чизе ато кардан, чизе бахшидан ба касе; об дар ҷигар надоштан сахт мӯҳтоҷу фақир будан◊ об аз даст начакидан касеро сахт хасису мумсик будан; об бар оташи касе рехтан хашми касеро фурӯ нишондан; об ба ҳован кӯфтан кори беҳуда ва абас кардан; об гирифтан обдору ширадор шудан (дар бораи мева); об гузаштан (аз либос ба тан, аз пойафзор ба по) тар шудан; оби чизе гурехтан (аз чизе, мевае ё гуле) таровати худро гум кардан, тару тозагии худро аз даст додан, хушк ва фарсуда шудан; об давидан ба устухони касе нашуънамо ёфтан, калонҷуссаву тануманд шудан; об карда хӯрдан чизеро нағз донистан, чизеро пурра аз худ кардан; об шудан а) ба об мубаддал шудани ягон ҷисми сахт (ях, филиз); б) лоғар ва хароб шудан, аз гӯшт фуромадан; в) мафтун, мутаҳаййир шудан дар асари чизе; оби даҳан рафтан ниг. даҳан об кушодан; оби рафта ба ҷӯй боз омадан боз ба даст даромадани давлат, ба бахту иқбол аз нав расидан; оби таҳорат додан а) ба касе барои таҳорат об додан; б) дар мавриди ба меҳмонӣ даъват кардан аз рӯи хоксорӣ гуфта мешавад; об рехтан ба сари чизе (касе) сарф кардан, нобуд кардан, сабаби нобудшавии чизе ё касе гардидан; обро лой кардан а) оби зулолу софро тира сохтан; б) миёни мардум шӯру фитна ангехтан; в) кореро қасдан чигилу сарбаста кардан (барои пинҳон доштани сирри худ); обро надида мӯза кашидан а) нафаҳмидаву насанҷида ба коре сар кардан, бемулоҳиза коре кардан; б) дар иҷрои коре шитоб кардан; обро пуф карда хӯрдан хеле боэҳтиёт рафтор кардан, эҳтиёткор будан; обу адо шудан а) азоб кашидан; б) дар ғам ва ҳасрати касе сӯхтан ва лоғару нотавон шудан; обу лой кардан (чизеро) чизеро (мас., моли дуздиро) ҷобаҷо ва пинҳон кардан ё пинҳонӣ фурӯхта пул кардан; обу равған кардан (ошро) зирбаки ошро тайёр кардан; обу такфин кардан мурдаро шустан ва ба кафан печондан; ба дасти касе об рехта натавонистан а) лаёқати хизмати касеро надоштан; б) дар коре ба касе баробар шуда натавонистан, дар ҳунар, кор ва ҳоказо аз замин то осмон фарқ доштани ду кас; ба рӯи об баровардан чизеро фош кардан, равшану бармало намудан; ба даҳон об гирифтан хомӯш истодан, гап назадан, сукут кардан; дар обу арақ ғӯтидан а) сахт арақ кардан, аракшор шудан; б) сахт дар ҳиҷолат мондан, шармсор шудан; даст ба об (хок) кардан қазои ҳоҷат кардан; даҳон об кушодан ҳавас рафтан ба чизе, рағбат ва иштиёқи аз ҳад зиёд пайдо шудан дар кас ба чизе, дил гум задан ба чизе; дили (ҷигари) касеро об кардан а) сахт мутаассир кардан; б) ғамгин ва маҳзун гардонидан; дил об хӯрдан ба касе эътимод доштан ба касе, мавриди боварӣ қарор гирифтан ба касе; думчаи касе об гирифтан касеро; а) қувватнок шудан, ҷон гирифтан; б) ҳавобаланд шудан; зери обу арақ мондан а) арақ кардан; б) аз ҳиҷолат ва шарм сахт арақрез шудан; майна об кардан (дар бораи чизе) фикри амиқ кардан, сахт фикр кардан; худро ба обу оташ задан барои расидан ба мақсаде аз ҳеҷ кори душвору хатарнок сар напечидан; оби дари хона қадр надорад (зарб.) чизи дастрас беқадр астII[آب]кит. моҳи ёздаҳуми румӣ, ки ба моҳи август баробар меояд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.